ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik.Дар Афғонистон ҷангҷӯёни ҳаракати ифротии "Толибон" се зани ҷангҷӯи доиширо (гурӯҳи ДОИШ, мамнӯъ дар Тоҷикистон — идора) эъдом карданд.
Бино бар иттилои артиши миллии Афғонистон, толибон дар Ҷузҷон занони ҷангҷӯи доиширо аввал асир гирифта, таҷовуз кардаанд ва куштаанд.Кушташудагон зодагони Узбакистон ва Чеченистон будаанд.
Гуфта мешавад, байни ду гурӯҳ барои нуфуз дар Ҷузҷон муборизаи шадид идома дорад.
Ҳангоми бархӯрди ахири толибону ДОИШ дастикам 12 ҷангии ДОИШ кушта шуд ва 33 тан ҷароҳат бардоштанд.
Аз ҷониби толибон 3 тундгаро кушта ва 8 тан ҷароҳат бардоштаанд.
Дар Афғонистон муқобилияти нерӯҳои ҳукуматӣ бо "Толибон", ки пештар деҳаҳои хурди кишварро ба тобеияти худ дароварданд, идома дорад.
Афзун бар ин, дар ҳудуди кишвар нуфузи ДОИШ зиёд мешавад.
Айни замон, нерӯҳои мудофиаи миллӣ якҷо бо амнияти Афғонистон дар тамоми минтақаи кишвар амалиёти зидди терористӣ мебаранд.