Сафир: Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Эрон омода аст

© Sputnik / Виталий БелоусовРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоли иҷро аст.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Имомзода гуфтааст, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон омода аст. Дар ин бора хабаргузории "Парс Тудэй" иттилоъ медиҳад.

Неъматуллоҳ Имомзода афзудааст, густариши ҳамкориҳо ва бастани тафоҳумномаҳои дуҷониба гӯёи сатҳи болои равобит байни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон аст.

"Имомзода бо эъломи омодагии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон изҳор дошт, қарордодҳои басташуда дар чанд соли гузашта байни ду кишвар шомили тамоми ҳавзаҳо, ба вижа иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст", — менависад манбаъ.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳамчунин нишаст бо фаъолони иқтисодии устони Ҳамадон, ғарби Эронро қадаме мусбат дар пешбурди густариши ҳамкориҳо донист ва афзуд, дар сафар ба Ҳамадон бо зарфиятҳои ин устон дар ҳавзаҳои мухталиф ошно шудааст.

Имомзода хотирнишон кард, Ҳамадон ва Тоҷикистон дорои муштаракоти фарҳангӣ ҳастанд, ки яке аз намунаҳои боризи онҳо вуҷуди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ориф, олим ва шоири эронӣ дар Кӯлоби Тоҷикистон аст.

Вай ёдоварӣ кард, соли 2018 ҳайате аз Ҳамадон дар Кӯлоби Тоҷикистон ҳузур ёфт ва пас аз он низ дар ҷашни 700 солагии ин олими фарзона як ҳайат аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон дар Ҳамадон ҳозир шуд.

Лентаи хабарҳо
0