Аз таъмини амният то волоияти қонун: натиҷагирии генерал Назарзода аз фаъолияти милисаҳо

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар анҷом генерал Назарзода ба милисаҳо таъкид кард, ки то дар муносибат бо шаҳрвандон, махсусан меҳмонону гардишгарони хориҷӣ бодиққат бошанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Сардори Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе Назарзода Шариф Раҳмон дар нишасти вижае фаъолияти милисаҳои шаҳрро дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ кард.

"Дар ҷаласа фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он вобаста ба самтҳо ва уҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши дастуру  қарору протоколҳо инчунин вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар пойтахти баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд", — хабар медиҳад вебгоҳи раёсат.

Гуфта мешавад, зимни  нишаст қайд карда шуд, ки дар ин давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва шумораи зиёди ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуда, ба таври фаврӣ ошкор карда шудаанд.

 "Метавон гуфт, ки бо ошкору дастгир шудани нафарони ҷинояткор, хавфи онҳо бартараф карда шуда, амнияту бехатарии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе таъмин карда шуданд", — таъкид доштаанд масъулин.

Дар анҷом генерал Назарзода ба милисаҳо таъкид кард, ки то дар муносибат бо шаҳрвандон, махсусан меҳмонону гардишгарони хориҷӣ бодиққат бошанд.

Лентаи хабарҳо
0