Ҷоми таърихӣ: Пирӯзии занони Душанбе бар "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 14-0

© Федерация футбола РТТаджикские женщины-футболистки, архивное фото
Таджикские женщины-футболистки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни занон, ки нахустин бор дар таърихи кишвар баргузор мегардад, ба марҳилаи чорум расид

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Тими “Зебонисо” ва “Регар-ТадАЗ”  пешсафи мусобиқа барои Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни занон мебошанд. 

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар пайи ҷамъбасти даври сеюми мусобиқот, иттилоъ додааст, ки пешсафони мусобиқа “Зебонисо”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода 3 холии дигар ба даст оварданд.

“Зебонисо” дар меҳмонӣ дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 14:0 шикаст дод. Дар ҳайати дастаи Душанбе Мадина Фозилова 4 голро ба дарвозаи ҳарифон ворид намудааст.

“Регар ТадАЗ” дар майдони худ бар дастаи “Барқ”-и Норак ғолиб омад. Духтарони футболбози дастаи “Хатлон” бо ҳисоби 6:0 тими “Суғд”-и Хуҷандро шикаст доданд.

Ба иттилои ФФТ даври чоруми мусобиқоти Лигаи занонаи Тоҷикистон 15-уми июл баргузор мегардад ва бозии ниҳоӣ дар пойтахт сурат хоҳад гирифт.

Лентаи хабарҳо
0