Амволи Раҳматилло Зоировро дар Қазоқистон дуздиданд

© Sputnik / Амир ИсаевРахматилло Зойиров, архивное фото
Рахматилло Зойиров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон аз шоҳидони қазия хоҳиш кардааст, ки ба ивази подош ба вай хабар диҳанд. Аз роҳзанон дархост кардааст, ки лоақал ҳуҷҷатҳои дар сумкааш бударо баргардонанд. Ба роҳзанон низ ваъдаи подош кардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Роҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоировро дар Алмато ғорат кардаанд.

Дар ин бора, сиёсатмадор дар як баёния дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, қазия 11-уми июл дар Алмато рух додааст.

"Ёздаҳуми июл, аз соатҳои 09:42 то 09:45 дар назди истгоҳи Автовокзали Алмато афроди номаълум як бастаи калони манро дуздиданд", — изҳор доштааст вай.

Ба гуфтаи вай, дар дохили баста либоса, китоби зиёд, дастгоҳҳои электронӣ, ҳуҷҷатҳои додгоҳ ва дафтари ёддошт дошт.

Раҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон аз шоҳидони ҳодиса хоҳиш кардааст, ки ба ивази подош ба вай хабар диҳанд. Аз роҳзанон дархост кардааст, ки лоақал ҳуҷҷатҳои дар сумкааш бударо баргардонанд.

Лентаи хабарҳо
0