Дар Русия 25-умин солгарди қаҳрамонии марзбонони рус дар Тоҷикистон — дифои фидокоронаи посгоҳи 12-умро таҷлил мекунанд. Торихнигор ва сиёсатшинос Аждар Крутов аз хизмати низомиёни руси дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нақл кард.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ, яке аз аввалинҳост, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, мегӯяд коршинос.
"Дар ҷанги шаҳрвандӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ марзи тӯлонии Тоҷикистону Афғонистон буд, ки ба воситаи он ҷангиён ворид мешуданд", — гуфт Аждар Куртов ба Sputnik Тоҷикистон.
Он вақт марзи Тоҷикистону Афғонистонро сарҳадбонони рус посбонӣ мекарданд. Он солҳо барои Русия низ осон набуд, ба ёд меорад торихнигор.
Маблағи зиёд набуд, аммо марзбонон вазифаи худро иҷро мекарданд. Дар бештарин ҳолат онҳо дар такя ба савганди вафодорӣ қарзи худро иҷро мекарданд, афзуд Аждар Крутов.
Вай таъкид кард, ки маҳз низомиёни рус дар сулҳи Тоҷикистон нақш доштанд, на пирӯзии яке аз ҷонибҳо. Созишномаи сулҳ низ, на дар Вошингтон ва на Брюссел, балки дар Маскав ба имзо расидаст.
"Дар ҳолати пирӯзии исломгароии ифротӣ, эҳтимол меравад, ки дар Тоҷикистон хунрезии бисёре мешуд. Мо дидем, ки дар Литвия, Ироқ ва Сурия чӣ ҳодисаҳое рух доданд", — гуфт Аждар Крутов.
Вай афзуд, ки дар пайи ҷанги шаҳрванди бештар аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст, ки ин шумораи кам нест.