Заминҷунбии 5,2 балла Тоҷикистонро такон дод

© Flickr \ Matt Katzenberger / SeismographСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази зилзилашиносии Кумитаи илми Вазорати маорифи Қазоқистон дар Тоҷикистон заминҷунбиро ба қайд гирифтааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Заминларзаи 5,2-балла шаби рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон рух додааст, хабар медиҳад Маркази зилзилашиносии Кумитаи илми Вазорати маорифи Қазоқистон.

Бино бар иттилои манбаъ, заминларза соати 01:46 рух дод.

"Маркази заминҷунбӣ 574 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Алмаато дар Тоҷикистон буда, иқтидори он муодили 5,2 бал будааст", — таъкид кардааст манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки 19 июн заминларзаи 5,6-балла марзи Тоҷикистонро такон дода буд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0