Биё оштӣ: Шавҳари бадрашк занашро кушту худро ба дор овехт

Обуна шудан
Шавҳар зани ҷавонашро барои оштӣ даъват карда, дар пайи рашк ба қатл расондааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Мақомоти милисаи Тоҷикистон мегӯянд, ҷавоне дар шаҳри Бӯстон ҳамсарашро кушта, худро ба дор овехт.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, марди 29-сола, сокини шаҳри Бӯстон бо ҳамсари 29-солааш муноқишаи оилавӣ доштаанд. Бар асоси тафтишот шавҳар бо баҳонаи оштишавӣ ҳамсарашро  ба хонаи хоҳари худ, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳри мазкур даъват намудааст.

“Сипас аз ҳиссиёти рашк, бо ноқили тайёркардааш аввал ҳамсарашро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расондааст ва баъдан худро низ бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0