ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Намояндагони 10 кишвар ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар Қазоқистон идораи муштараки оби Осиёи Марказиро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати хоҷагии қишлоқи Қазоқистон, ҳамоиш бо ҳузури намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Муғулистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия, Чин, Афғонистон, Эрон ва созмонҳои бонуфузи СММ ва САҲА баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорат ҳадафи асосии ҳамоиш дарёфти роҳи муштараки идораи захираҳои оби минтақа мебошад.
Манбаъ фаъолшавии Маркази байналмилалии баҳогузории об дар Остонаро зикр карда, таъкид намудааст, ки фаъолияти марказ асосан ба захираҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ равона хоҳад шуд.