Шутури Мария пас аз пешгӯиҳои дурусташ аз бозиҳои Русия-Арабистони Саудӣ ва Уругвай — Франсия, ахиран пирӯзии Хорватия бар дастаи Англияро муайян кардааст.
Дар назди Мария ду зарфи пур аз ғизо монданд. Дар зарфҳо номи тимҳои Англия ва Хорватия навишта шуда буд. Мария бечунучаро дастаи Хорватияро интихоб кард.
Аммо шутур Мария ин ягона ҳайвоне нест, ки пирӯзии ин ё он тимро дар Ҷоми футболи ҷаҳон пешгӯӣ мекунад.
Ба маърази Шумо ҳайвонҳои фолбинро аз манотиқи гуногуни ҷаҳон пешниҳод мекунем, ки натиҷаи бозиҳои Ҷоми футболи ҷаҳонро пешгӯӣ карданд.

Гурба Ахилл пирӯзии тими миллии Русияро бар дастаи Арабистони Саудӣ пешгӯӣ карда буд.

Гавазни Яша ҳангоми пешгӯии натиҷаи бозии Белжик ва Фаронса

Паланги Амурии Бартек ҳангоми пешгӯии бозии Хорватия ва Англия July 10, 2018.

Ягуари сиёҳи Джаго ҳангоми пешгӯии натиҷаи бозии тими Испания ва Русия

5/10
© AP / Jens Meyer
Ҷайра Dinah пирӯзии тими Кореяи ҷанубӣ бар Олмон пешгӯӣ карда буд

Миркате, ки аз натиҷаи бозии Арабистони Саудӣ ва Русия бохабар будааст

Хирси сафеди Аврора натиҷаи бозии Хорватия-Русияро пешгӯӣ намуда буд

Шери нари Нене ва Шери модаи Валентина дар боғи ҳайвоноти Колумбия ҳангоми пешгӯии натиҷаи бозии Колумбияву Ҷопон

Тӯтӣ Кеа пирӯзии Фаронсаро ба тими Уругвай дар Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 пешгӯӣ кард

10/10
© AP / Dmitri Lovetsky
Гурбаи фолбин Ахилл, пирӯзии дастаи Русияро бар Арабистони Саудӣ пешгӯӣ карда буд