ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика, ки дар латукӯби як корманди пулис гумонбар дониста мешавад, баъд аз ду рӯзи бозпурсӣ озод шудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.
Бино бар иттилои манбаъ, Диловар Гулов 11 июл баъд аз зуҳр ба манзили истиқоматаш баргашт.
Гуфта мешавад, ба Диловар Гулов дастур додаанд, ки бе иҷозат маҳалли зисташро тарк накунад ва дар ҷараёни тафтиши парванда ӯро даъват хоҳанд кард.
"Қазияи латукӯби Дилшод Нарзуллозода, корманди пулис Тоҷикистон феълан аз сӯи Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳқиқ мешавад. Аммо мақомоти додситонӣ то ҳол дар ин бора расман шарҳе надодаанд ва маълум нест, ки нисбати ин қазия, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ё не" — менависад ТоҷикТА.
Лозим ба ёдоварист, ки қазияи боздошти писари собиқ вазир шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод. Писари Шералӣ Гул бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.
Диловар Гулов баъд аз лату кӯби корманди пулис, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.
Ин дар ҳолес, ки қаблан Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи боздошт писари Шералӣ Гул хабар дода буд.
Чунончи, моҳи марти соли равон хабар дода шуд, ки писари 22-солаи собиқ вазир ба иттиҳоми майдавбошӣ боздошт гардид.
Гуфта мешуд, Диловар Гулов ҳамроҳ бо 13 нафар ҷавонону ҳамсолонаш дар тарабхонаи "Галакси" ба майдаавбошӣ даст задаанд.
"Тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи дар дохили тарабхонаи "Галакси" байни ҷавонон муноқиша ба амал омада, онҳо якдигарро бо суханҳои қабеҳ дашному ҳақорат мекарданд ва ба талаботи кормандони милитсия итоат намекунанд", — тавзеҳ медод ВУД ҶТ.
Сипас гурӯҳи кормандони милитсия ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, 13 нафар ҷавононро ба мақомоти милитсия овардаанд.
Дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.
Миёни боздоштшудагон ҳамчунин домоди собиқ вазири энергетика Дилшод Нурализода низ ҳузур дошт.