“Мод зив” дар телефони ҳамроҳ: Барномаи нав барои ҳифзи забонҳои помирӣ

© Facebook / Farorun NazrievФарорун Назриев
Фарорун Назриев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарорун Назриев ҳадафи таҳияи барномаи ҷадидро ҳифзи забони рӯшонӣ хонд, ки насли нав бисёре аз калимаҳои аслию қадимии забонро намедонанд ва ин раванд аз насл ба насл бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Фарорун Назриев, барномасози ҷавони тоҷик, барои ҳифзи забонҳои помирӣ барномаи "Мод зив" барои телефонҳои ҳамроҳро таҳия ва пешниҳод кардааст.

Фарорун Назриев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир “Мод зив” ашъори шоирон бо забони рушониро фаро гирифта, дар бахши замимаҳои Google play дастрас мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки барномаро бо ашъору матолиби дигар бо забонҳои помирӣ такмил хоҳад дод.

Назриев ҳадафи таҳияи барномаи ҷадидро ҳифзи забони рӯшонӣ хонд, ки насли нав бисёре аз калимаҳои аслию қадимии забонро намедонанд ва ин раванд аз насл ба насл бештар мешавад.

Иқдоми ҷавони тоҷик дар ҳолест, ки муҳаққиқон мегӯянд ба ҳамаи забонҳои помирӣ – рушонӣ, шуғнӣ, ишкошимӣ, язғуломӣ, вахонӣ, рошорвӣ, бартангӣ ва сарикулӣ хатари аз байнравӣ таҳдид мекунад. Дар Тоҷикистон Конститутсия ҳифзи забонҳои помирӣ ва яғнобиро кафолат додааст.

Масъулини тоҷик қаблан аз нияти роҳандозии таълими ин забонҳо дар макотиби миёна иттилоъ дода буданд, аммо иқдоме дар ин росто то ҳол сурат нагирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0