ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, вазиши шамол аз самти шарқ то 13-18 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +10+15 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе камабри беғубор шуда, шабона 18+20 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.