ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Имрӯз, 11 июл кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ожоси мубориза бо фасоди Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Раисҷумҳур бо имзои як фармон муовини раиси ожонс Идрисзода Илёс Муминро аз мақом барканор кард.
Дар фармони раисҷумҳур, далели барканоршавии Идрисзода, таъин гаштанаш дар дигар мақом гуфта мешавад.
"Идрисзода Илёс Мумин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад", — гуфта мешавад дар фармони раисҷумҳур.
Бо қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки нусхаи онро дафтари матбуотии раисҷумҳур мунташир кардааст, Идрисзода Илёс Мумин сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.