ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Рашид Раҳимов, собиқ футболбози тими "Помир"-и Тоҷикистон ва сармураббии пешини дастаи "Локомитив"-и Маскав бозии мунтахаби Русияро бо тими Хорватия шарҳ дод.
Раҳимов дар суҳбат бо "Известия" изҳор доштааст, ки тасмими сармураббӣ Станислав Черчесов, ки тими мунтахабро бо 4 ҳимоятгар вориди майдон намуд, барояш ғайриинтизор набуд.
"Қаблан ҳам бар ин будам, ки бозӣ бо 4 ҳимоятгар маънӣ надорад. Барои он ки бояд маркази майдонро бо бозигарони қавӣ пур мекардем, чун Хорватия дар марказ бозигарони хубе дорад, ки тимро пеш мебаранд. Муборизаро бояд аз марказ оғоз мекардему ба ҳамла мегузаштем. Барои ҳамин зарурати ба майдон баровардани ҳимоятгари марказии сеюмро надидам",-баён доштааст ӯ.
Раҳимов инчунин аз қарори Черчесов барои ба майдон баровардани Фёдор Смолов дар нимаи дуюми бозӣ ҷонибдорӣ кардаст.
"Ба бозӣ ворид шудани як ҳамлагари дигар дар симои Смолов дуруст буд. Мутаассифона дар сабқатҳо барои Ҷоми Ҷаҳон Смолов муваффақ нашуд. Худи Федя аз ин бисёр нороҳат буд. Баъди бозӣ футболбозони дигар пароканда шуданд, аммо Смолов хеле тӯлонӣ дар маркази майдон монд", — гуфтаст Раҳимов.
Собиқ бозингари тими "Помир" афзудааст, ки равона шудани ангушти иттиҳом сӯи Смолов, ки натавонист зарбаи 11-метриро ба нишон расонад, нодуруст аст. Ба гуфтаи ӯ таъини бозигарон барои зарбаи 11-метрӣ довталабона будааст ва нафароне, ки ба худ бовар доштаанд, барои зарбазанӣ рафтаанд.
"Смолов бовар дошт, ки гол мезанад, аммо мутаассифона чунин нашуд. Зарбаҳои 11-метрӣ ин лотерея аст. Бисёр, ҳатто ситораҳои пешсафи футболи ҷаҳон баъзан муваффақ намешаванд. Бояд Федяро дастгирӣ кард ва бовар дошта бошем, ки лаҳзаҳои муваффақияташ ҳанӯз дар пешанд", —даъват кардааст Раҳимов.
Дар маҷмуъ коршиносон ва масъулини Русия ҳунарнамоии тими мунтахабашонро мусбат баҳогузорӣ кардаанд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар пайи бохт ба Черчесов занг зада, маслиҳат додааст, ки сар ба боло ва қадам ба пеш корро идома диҳанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл Путин бозигарони тими мунтахабро ба Калининград даъват намудааст ва дар он ҷо ояндаи наздик мулоқоташон баргузор хоҳад шуд.