Обу ҳавои гарми тоқатфарсо: дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевШаҳри Данғара, акс аз бойгонӣ
Шаҳри Данғара, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво чун рӯзҳои қаблӣ тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону раъду барқ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон новобаста аз абрнокии ҳаво дар шимолу ҷануби кишвар ҳарорат чун рӯзҳои пештара то 43 дараҷа боқӣ мемонад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Вазиши шамол аз самти шарқ то 12-17 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ВМКБ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе камабри беғубор шуда, шабона 19+21 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0