Милисаҳо дар назди "Султони Кабир" модари се фарзандро аз худкушӣ наҷот доданд

© Sputnik / Рубен ГарсияСотрудники МВД Таджикистана
Сотрудники МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини 33-солаи ноҳияи Варзоб, шабона худро аз болои пул ба рӯди Душанбе партофт, аммо корманди милиса ва ду сарбоз дарҳол занро наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Корманди милиса ва сарбозон модари се фарзандро аз худкушӣ наҷот доданд, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ,  шаби 9-уми июл, тақрибан соати 01:15-дақиқа, зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ  аз болои пули кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар наздикии бозори Султони Кабир худро ба дарёи Душанбе партофта.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, модари 3 фарзанд мехостаст, даст ба ҷони худ занад.

"Дар ин вақт, ки дар кӯчаи мазкур корманди Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сержанти милиса Неъматуллоев Далерҷон бо ду нафар сарбозони Қисми низомии №5453-и Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД Мирзошоев Саъдӣ Абдусаломович ва Шерхонов Насим Амиралиевич пайи адои вазифаҳои хизматӣ буданд", — афзудааст дафтари матбуотии ВУД ҶТ.

Многоэтажный дом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон духтареро, ки қасди худкушӣ кардан дошт, наҷот доданд

Корманди милиса ва сарбозон дарҳол ба наҷоти зани 33-сола шитофтаанд.

"Мавриди зикр аст, ки ин кормандони милиса бо далерию шуҷоатмандӣ тавонистанд як нафар модари се фарзандро аз худкушӣ наҷот дода, ба ӯ ҳаёти дубора бахшанд. Корнамоии корманди милитсия ва сарбозон барои ҳамагон дарси ибрат ва мояи ифтихор мебошад", — менависад дафтари матбуотӣ.

Ниҳод ёдрас мешавад, ки Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милисаи Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе  дар 3-баст  ба таври шабонарӯзӣ ба хизмати патрулию пайраҳадорӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе машғуланд.

Лентаи хабарҳо
0