ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Академияи улуми Тоҷикистон осори пурраи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷикро аз нав ба нашр расонд, иттилоъ додааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар осори тозанашр матолибе ҷой дода шудаанд, ки то ҳол чоп нагардида буданд. Аз ҷумла бархе осори публитсистие, ки солҳои пеш пурра гирдоварӣ нашуда буданд, дар китоби тозанашр ҷамъ оварда шудаанд.
"Ҳамин тавр, ҷилди якуми осори пурраи Садриддин Айнӣ рӯи чоп омад", —таъкид кардааст вазорати фарҳанг.
Китоби мазкур аз ҷониби фонди адабии Садриддин Айнӣ нашр шудааст.
Ин дар ҳолест ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон як қатор ҳамоишҳои муҳим бахшида ба адиби саршиноси тоҷик Садриддин Айнӣ баргузор гардиданд.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро ҷашн гирифт.
Инчунин хона — музейи Садриддин Айнӣ аз нав таъмиру навсозӣ шуд.