Роҳгардии "Парвардигор" дар болои абр ба навор афтод?

Обуна шудан
Ҳангоми тӯфони шадид дар Амрико марде ҳаракати сояеро ба навор гирифта, наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи "Роҳгардии Парвардигор дар болои абр" мунташир кардааст

Навори аҷиби роҳгардии сояе болои абр дар штати Алабамаи Амрико гирифта шудааст.

Яке аз корбарони Facebook  видеоро мунташир карда, ба сояе диққати ҳамагонро ҷалб кардааст, ки гӯё роҳ мегардад.

Навори муъҷизавии "Зуҳури Худо"-ро нашрияи Daily Mail интишор кардааст.

"Ба сояе, ки дар осмон равшан мешавад, нигаред. Ин мӯъҷизаро метавонад касе анҷом диҳад, ки қудрат дорад", — шунида мешавад овози нафаре, ки наворро сабт кардааст.

"Зуҳури Худо" корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар ҳайрат гузоштааст. Онҳо бо як овоз мегӯянд, ки ин нишонаи Худованд аст ва бори дигар мавҷуд будани Парвардигорро собит мекунад. Аммо бархе корбарон, Худо номидани сояеро дар осмон дур аз мантиқ унвон кардаанд.

Навори мазкурро дар саҳифаи Facebook, беш аз як миллион нафар тамошо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0