Аз хатари ихтилоф то буздилӣ: даъвати Абдулқодирзода ба фармонбардорӣ

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Шӯрои уламо шаҳрвандонро ба фармонбардорӣ аз Худо ва Расул даъват намуда, аз хатари низоъ ва ихтилоф ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо нашри як матлаб дар бораи хатари ихтилофу парокандагӣ ва аҳамияти ваҳдат изҳори назар кардааст.

Абдуқодирзода дар сомонаи Кумитаи дини Тоҷикистон шаҳрвандонро ба фармонбардорӣ аз Худо ва Расул даъват намуда, аз хатари низоъ ва ихтилоф ҳушдор додааст.  

"Ҳамин гуна таъкид дар ояи 46-уми сураи "Анфол" низ омадааст: "Ва ба Худову расули Ӯ фармонбардорӣ кунед ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед ва давлату қуввати шумо биравад ва шикебоӣ варзед! Ба дурустӣ, ки Худо бо шикебоён аст",-изҳор доштааст раиси Шӯрои уламо.

Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Саидмукаррам Абдулқодирзода: ҲНИТ ҳанӯз аз солҳои 70-ум мехост Ҳукуматро ба даст гирад

Абдуқодирзода таъкид намудааст, ки Ислом дар зоти худ парокандагиро намехоҳад ва онро бузургтарин нуқсони зиндагии ҷомеа меҳисобад.

"Инро Худованди таъоло дар Қуръони карим таъкид намудааст: "Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурӯҳро азоби бузург аст",-ҳушдор додааст раиси Шӯрои уламо.

Дар мавриди Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон Абдуқодирзода изҳор доштааст, ки он натиҷаи хирад, заковат ва неруи сулҳдӯстии мардуми тоҷик мебошад. Ба гуфтаи ӯ, кори сулҳ аз ҳама бештар аз роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҷаҳду талошҳои муҳофизати миллату давлатро тақозо мекард, зеро сарнавишти кишвар дар ҳолати пуртаҳлукаи ҳастиву нестӣ қарор дошт.

Раиси Шӯрои уламо изҳороти ахири раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар Конибодом зикр кардааст, ки ҳукумат маҷмӯан бо ИНОТ, яъне Иттиҳоди неруҳои мухолифин санади сулҳ имзо кардааст, на бо ҳизби хиёнаткори наҳзат.

Ба гуфтаи Абдулқодирзода ин посухи раисиҷумҳур  даъвои подарҳавои онҳоеро инкор мекунад, ки сулҳу ваҳдати миллиро ба чанде аз хоинону бадхоҳони миллат нисбат медиҳанд.

"Агар ҳизби наҳзат ҷонибдори ваҳдату ҳамбастагӣ мебуд, ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили арзишҳои милливу давлатӣ намебаромад ва сиёсати зиддимиллиро пеш намегирифт. Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад- мегӯянд дар урфият. Ин ҳикмат зодаи хиради мардумист ва он дар зеҳни миллат ҷовидон мемонад",- хулоса кардааст раиси Шӯрои уламо.

Лентаи хабарҳо
0