Нерӯҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон намояндагӣ ифтитоҳ карданд

© SputnikПограничник на участке границы, архивное фото
Пограничник на участке границы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими ифтитоҳи бинои нави намояндагии қӯшунҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон дар гузаргоҳи "Панҷи поён"-и вилояти Хатлон ва "Тем"-и ВМКБ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии қӯшунҳои марзии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, Тоҷикистону Афғонистон дар гузаргоҳи сарҳадии "Панҷи поён"-и вилояти Хатлон ва "Тем"-и Бадахшон намояндагии марзӣ ифтитоҳ карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳ, аз Сафорати Бритониё, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ дар масоили муҳоҷиратии СММ дар Тоҷикистону Афғонистон ва роҳбарияти Қӯшушҳои сарҳадии ду кишвар иштирок доштанд.

Гуфта мешавад,тарҳи бинои намонядагиро Бритониё ва СММ маблағгузорӣ кардаанд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки биноҳои мазкур барои намояндагони мақомоти марзии Тоҷикистону Афғонистон бунёд шуда, ба талабҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0