Милисаҳо дар Суғд аз наздикони ҷангиён хостанд, ки онҳоро ба Ватан даъват кунанд

© Дафтари матбуотии ВУД ҶТМулоқоти милисаҳои вилояти Суғд бо наздикони ҷангиён
Мулоқоти милисаҳои вилояти Суғд бо наздикони ҷангиён - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рафиз Обидҷонов, як сокини ноҳияи Ашт, ки пештар дар ташкилоти экстримистӣ дар хориҷ фаъолият карда, аз карда пушаймон ба Тоҷикистон баргаштааст, дигаронро низ ба Тоҷикистон даъват кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Кормандони милисаи вилояти Суғд бо сокинони Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод мулоқот карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, 9-уми июл намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВУД дар вилояти Суғд бо пайвандони нафароне, ки барои иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ё дар хориҷа ба тадриси ғайрирасмии динӣ машғуланд, мулоқот баргузор карда шуд.

"Вохӯрӣ дар толори Ҳукумати шаҳри Истаравшан бо иштироки майори милиса Раҳимзода Шуҳрат, муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, раисони ҷамоатҳо, фаъолон, ходимони дин, масъулини бахши идеалогӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод баргузор гардид", — афзудааст манбаъ.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Волидони суғдӣ ба мақомот: фарзандонамонро аз ҷанги мамолики бегона бозгардонед

Ҳадафи асосии мулоқот ба ҳаёти осоишта баргардонидани афроди гумроҳзада унвон карда мешавад.

Шуҳрат Раҳимзода бо истифода аз асноду далелҳои воқеӣ аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мисолҳо оварда, ба иштирокдорон фаҳмонда дод, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои характери экстремистӣ- террористидошта бетараф набошанд. Ҳамчунин ба меъёрҳои сабукидиҳандаи қонун шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар вохӯрӣ сокини ноҳияи Ашт, қаблан кофтуковшаванда Рафиз Обидҷонов, ки нисбаташ соли 2016 барои фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ бо моддаи 307 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, соли ҷорӣ бо мусоидати РМЗҶМ ВКД ба Ватан баргашт ба сухан баромада, воқеият доштани озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятиро таъкид доштааст.

Лентаи хабарҳо
0