Йоги тоҷик сокинони Новокузнетскро қоил кард.
Дар шаҳр бахшида ба Рӯзи Новокузнетск барои сокинин барномаи фарҳангиву фароғатӣ ташкил карданд. Назди тамошобинон муҳоҷири тоҷик низ баромад кард.
Ҳунарнамоии муҳоҷири тоҷикро ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск низ тамошо мекарданд. Ба шиками йог кордҳои калону тезро мепартофтанд, вале ӯ мушакҳои шикамашро чунон таранг карда буд, ки кордҳо ба бадани ҷавон бархӯрда, ба замин меафтоданд. Ба ҷавон осебе намерисид.
Тамошобинон ин саҳнаро ба навор мегирифтанд, то баъд ба дигарон нишон диҳанд.
Чун маълум шуд, ки кордҳои тез ба устоди йога "баробар" шуда наметавонанд, ба тамошобинон саҳнаи аҷибтаре пешниҳод карданд: худраве рост аз болои ҷавон гузашт.
Бо ин саҳна муҳоҷири тоҷик сокинони Новокузнетскро пурра тасхир кард.