Барои баргардондани шавҳар: зан ба бадани кӯдаки яксолааш даҳ сӯзан халонд

CC0 / Pixabay / Младенец, архивное фото
Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пизишкон дар як ҷарроҳӣ аз бадани кӯдак шаш сӯзанро берун карданд, 4 сӯзани дигар дар бадани кӯдак мемонад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зани 26-солаи сокини деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакиро ба иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии кӯдаки хурдсолаш боздошт карданд. Зан барқасдона ба бадани тифли 9-моҳааш 10 сӯзан халонидааст.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки пизишкони бемористони Қаряи Боло дар бадани тифли 9-моҳа 10 сӯзан пайдо карданд. Пизишкон мегуфтанд, ки кӯдак мустақилона сӯзанҳоро фурӯ набурдааст.

Наздикони тифл мегуфтанд, ки намедонанд чигуна сӯзан ба бадани тифл ворид шудааст.

"Ҳангоми хӯрок додани тифл яке овози модараш баланд шуд, ки қошчинакро биёред, дар коми кӯдак сӯзан ёфтам",- мегуфтанд онҳо.

Ба иттилои Вазорати умури дохила, зани ҷавон "бо мақсади он, ки ҳамсараш, марди 30-сола, аз Федератсияи Русия ба  Тоҷикистон баргардад, 10-адад ҷисмҳои бегона (сӯзанҳои металлӣ)-ро бадқасдона ба узвҳои бадани писари хурдсоли 1-солааш ворид намудааст, ки дар натиҷа мувофиқи санади Ташхиси судӣ-тиббӣ, хурдсол ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст".

Аз рӯйи қазияи мазкур, нисбати зани номбурда бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0