ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини бо собиқ Раиси Шӯрои Вазирони ин кишвар Шайх Носир Муҳаммад ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, ки яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар Кувайт ва минтақа, ҳамчунин ходими машҳури сиёсӣ маҳсуб меёбад, мулоқот намуд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, зимни мулоқот тарафҳои вазъияти нигаронкунандаи минтақаи Ховари миёнаву Афғонистонро баррасӣ карданд.
"Инчунин зимни мулоқот тарафҳо атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт, сафарҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт ва таъсири онҳо дар раванди густариши муносибатҳои дуҷониба суҳбат намуда, бар зарурати кашфи роҳҳои ҷадид ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо таъкид намуданд" — иттилоъ додааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, тарафҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Кувайт бояд васеътар шавад.