Иртиботро беҳтар мекунем: Раҳмон бо Мирзиёев мулоқот кард

© © Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифонашадуда омодагии худро иброз доштанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Имрӯз, 6 июл дар шаҳри Остона кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии шаҳри Остона бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом дод. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

"Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидори навбатӣ изҳори хушнудӣ карда, натиҷаҳои сафари давлатии ҳамтои худро ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, барои рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳимму арзишманд арзёбӣ намуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифонашадуда омодагии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0