Ҷавони тоҷик бо шиками "оҳанинаш" сокинони Русияро қоил кард

© PixabayЗанятия йогой, архивное фото
Занятия йогой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Новокузнетски Русия ҳунари худро дар йога нишон дода: ба шиками вай корд андохтанду аз болояш бо худрав гузаштанд, вале ӯ захме набардошт

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Йоги тоҷик сокинони Новокузнетскро қоил кард, хабар медиҳад вебгоҳи VSЁ42.ru.

Дар шаҳр бахшида ба Рӯзи Новокузнетск барои сокинин барномаи фарҳангиву фароғатӣ ташкил карданд. Назди тамошобинон муҳоҷири тоҷик низ баромад кард.

Ҳунарнамоии муҳоҷири тоҷикро ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск низ тамошо мекарданд. Ба шиками йог кордҳои калону тезро мепартофтанд, вале ӯ мушакҳои шикамашро чунон таранг карда буд, ки кордҳо ба бадани ҷавон бархӯрда, ба замин меафтоданд. Ба ҷавон осебе намерисид.

Тамошобинон ин саҳнаро ба навор мегирифтанд, то баъд ба дигарон нишон диҳанд.

Чун маълум шуд, ки кордҳои тез ба устоди йога "баробар" шуда наметавонанд, ба  тамошобинон саҳнаи аҷибтаре пешниҳод карданд: худраве рост аз болои ҷавон гузашт.

Бо ин саҳна муҳоҷири тоҷик сокинони Новокузнетскро пурра тасхир кард.

Пештар олимони амрикоӣ ва австралиягӣ муайян намуданд, ки машқи мунтазами йога (ҳафтае як маротиба) хотираи одамро мустаҳкам мегардонад.

"Агар шумо ё хешу ақрабоятон мехоҳед хотираи худро мустаҳкам намоед, пас ба йога ва медитатсия машғул шавед-машқи мунтазами йога воситаи бехатар ва беҳтарину арзон барои хубтар намудани кори мағз мебошад",-изҳор дошт профессор Хелен Лавретски аз донишгоҳи Калифорния.

Олимон қайд карданд, ки таърихан йога ҳамчун воситаи беҳтар намудани саломатӣ дониста мешуд вале акнун ин далел дорои исботи илмӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0