Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Макка

© Sputnik / Амир ИсаевПаломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе
Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дини Тоҷикистон эълон намудааст, ки 6 август аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик барои адои маносики Ҳаҷ 6 август аз Душанбе ба Ар-Риёз парвоз доранд.

Феълан, ҷадвали парвозҳо комилан таҳия шуда, Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба тавофуқ расидаанд, ки интиқоли ҳоҷиёнро ширкатҳои "Сомон Эйр", "Тоҷик Эйр" ва ширкати саудии "ФлайеНас" анҷом диҳанд.

Кумитаи дини Тоҷикистон бори таъкид мекунад, ки арзиши адои Ҳаҷ 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон омодагии хоҳишмандони сафар ба Ҳаҷ аз моҳи феврали соли ҷорӣ шурӯъ шуда буд. Дар Душанбе бораи омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими "Ҳаҷ-2018"  комиссияи шаҳрӣ таъсис дода шуд.

Соли гузашта барои адои маносики  Ҳаҷ беш аз 6,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Арзиши сафари Ҳаҷ  33 ҳазор сомониро (3650 доллар) ташкил медод, ки нисбат ба соли 2016  4 ҳазор сомонӣ гаронтар буд.

Лентаи хабарҳо
0