ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Як масъули Донишгоҳи Бохтар ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд, хабар медиҳад Ожонси мубориза бо фасод.
Бино бар иттилои манбаъ, Ҳалимов Раҳматулло Самадович, сардори хадамоти ҳифзи меҳнати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои ба курси сеюм дохил намудани як довталаб 1500 доллар талаб кардааст.
"Ҳалимов Раҳматулло аз наздикони довталаб моҳи ноябри соли 2017 5000 сомонӣ, моҳи декабри соли 2017 4300 сомонӣ ва аввалҳои моҳи марти соли 2018 1500 сомонӣ, дар умум 10 800 сомонӣ гирифтааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Номбурда бо ин қаноатманд нагардида, амалҳои ғайриқонунии худро идома дода, 4 майи соли 2018 аз шаҳрванд "А" боз овардани маблағи 3000 сомонии дигарро талаб намудаат, меафзояд манбаъ.
Муттаҳам дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ ҳангоми гирифтани 3000 сомонӣ дар дохили мошинаш боздошт гардид.
Нисбати Ҳалимов Раҳматулло Самадович, бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтиши пешакии он идома дорад.