Дар Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии "Суғд-2018" баргузор мешавад

Обуна шудан
Интизор меравад, дар намоишгоҳ намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия, АМА, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ шикат кунанд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии тиҷории Суғд-2018" баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, панҷумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" 6 ва 7 июл  дар Қасри варзиши Хуҷанд гузаронида мешавад.

"Намоишгоҳ  бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир доир хоҳад шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Интизор меравад, дар намоишгоҳ намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия, АМА, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ шикат кунанд.

Инчунин ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ, муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии "StartUp —Чойхона V", озмуни вилоятии "Маҳсулоти беҳтарин", муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0