Аҳмадзода ба соҳибкорони беҳтарин Суғд 431 ҳазор сомонӣ медиҳад

Обуна шудан
Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд барои ташкил ва гузаронидани озмуни "Соҳибкори беҳтарини соли 2018" гуруҳи корӣ таъсис дода шуд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд ба ғолибони озмуни "Соҳибкори беҳтарини соли 2018"  бештар аз 431 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, аллакай дар шаҳри Хуҷанд барои баргузории ин озмун гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

"Тибқи як қарори раиси шаҳри Хуҷанд  бо мақсади дар сатҳи баланд таъмин намудани талаботи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни "Соҳибкори беҳтарини соли 2018» гуруҳи корӣ таъсис дода шуд", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуруҳи корӣ муваззаф гардидааст, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни зикргардида нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, доир ба тарғиби соҳибкорӣ байни аҳолӣ, бахусус миёни ҷавонон, занону духтарон тадбирҳо андешад.

Оозмуни вилоятии "Соҳибкори беҳтарини соли 2018"  бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят гузаронида мешавад. Озмун аз рӯи 8 самт ва 42 номгӯй гузаронида шуда, ба ғолибон маҷмӯан бештар аз 431 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Лентаи хабарҳо
0