ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бино бар гузориши Sputnik Афғонистон, писари роҳбари гурӯҳи терористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Абубакри Бағдодӣ кушта шуд.
Гуфта мешавад, Ҳузайфа Бадрӣ — писари Бағдодӣ дар як ҳамлаи интиҳории зидди нирӯҳои артиши Сурия ва нирӯҳои Русия дар Ҳомс ба ҳалокат расид.
"ДОИШ рӯзи сешанбе дар як баёния эълом кард, ки Ҳузайфа Бадрӣ дар ҷараёни як амалиёти зидди нирӯҳои ҳукумати Сурия ва артиши Русия дар Ҳомс кушта шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
پسر ابوبکر البغدادی خودش را منفجر کرد https://t.co/SzjFhjyj0h via @wordpressdotcom
— homayun ghazizadeh (@homayun_g) 4 июля 2018 г.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, "аз онҷое, ки дар ин баёния аз вай (Абӯбакр Бағдодӣ- идора) ба унвони халифа ёд шудааст, ба назар мерасад, ки Абубакри Бағдодӣ ҳанӯз зинда аст".
Маҳалли иқомати Абубакри Бағдодӣ муайян нест.
Пештар хабар дода шуд, ки саркардаи гурӯҳи террористии ДОИШ ба Африқо фирор кардааст.
Гуфта мешуд, эҳтимолан Абубакр Бағдодӣ дар кишвари Чад ё наздики Нигерия аст ва умедвор аст, ки битавонад ташкилоти аз даст рафтаи худро дар Африқо эҳё кунад.