ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон се марзбоне, ки дар рафти баҳси марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон натавонистанд аз худ дифоъ кунанд ва "асир" афтоданд, муҷозот шуданд, хабар медиҳад ТоҷикТА.
Айни замон маълум нест, ки марзбонон чигуна муҷозот шудаанд. Аммо додситонии низомии Тоҷикистон тафтишотеро, ки нисбати ин қазия мебурд, пурра ба аҷом нарасонидааст.
Бо далели халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот ному насаби сарбозон ифшо намешавад ва танҳо хабар дода мешавад, ки онҳо ҳамин сол ба хидмати низомӣ даъват карда шуда буданд.
Пештар низомиёнро Додситонии низомии вилояти Суғд бозпурсӣ карда буд.
Моҷарои дастгир шудани марзбонони тоҷик аз тарафи сарҳадбонони қирғиз 4-уми июн сурат гирифт. Ҳодиса дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бо Лайлаки Қирғизистон рух дода буд.
Дар пайи як муноқиша дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати "Калашников" ба ҳудуди худ бурданд.
Баъд аз "асир" афтодан се сарҳадбони тоҷик аз тарафи ҳамтоёни қирғизи худ лату кӯб низ шуда буданд.
Марзбонони тоҷик танҳо пас аз гузашти тақрибан 5 соат ва дахолати мақомоти баландпояи марзбонии кишвар озод шуданд.