Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар рафти машқҳои низомӣ дар куҳҳо гурӯҳи шартии ҷангиёнро, ки гӯё мехостанд ҳуҷум кунанд, нобуд сохтанд.
Дар навор дида мешавад, ки дар размоишгоҳи "Лоҳур" низомиён гӯё гурӯҳи ҷангҷӯёнеро мушоҳида карданд, ки ба ҷониби онҳо ҳаракат мекунанд.
Низомиён бошанд, бо кӯмаки чархболҳои Ми-24 сари роҳи терористонро гирифта, онҳоро безарар мекунанд.
Ёдрас мешавем, айни замон низомиёни рус таҷрибаи аз Сурия гирифтаашонро дар Тоҷикистон нишон медиҳанд.
Пойгоҳи низомии 201-ум — бузургтарин қисми ҳарбии Русия аст, ки берун аз ҳудуди он ҷойгир мебошад, ки дар ду шаҳр аст — Душанбе ва Бохтар мустақар аст.