Дар Париж Намоишгоҳи экспонатҳои таърихии Тоҷикистон баргузор мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевСтуденты медицинского университета в литературном музее Садриддина Айни, архивное фото
Студенты медицинского университета в литературном музее Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Фаронса созишнома дар бораи баргузории намоишгоҳи экспонатҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Фаронсаро ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, байни Тоҷикистон ва Фаронса созишнома дар бораи баргузории намоишгоҳи экспонатҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Фаронса "Гиме" ба имзо расид.

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар пас аз ба имзо расидани созишнома иброз дошт, ки имзои созишномаи тарафайн далели боварӣ ба ҳамкории судманд ва оғози марҳилаи амалии корҳои омодагӣ мебошад.

Вай инчунин таъкид карда, ки барои намоишгоҳи мазкур баъзе нигораҳо аз Осорхонаи Британия низ оварда мешавад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон низ изҳор кардааст, ки баргузории Намоишгоҳи экспонатҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи номдори "Гиме" муаррифии арзандаи таърихи мардуми тоҷик ба ҷаҳониён хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол сафири Фаронса дар Тоҷикистон эълон кард, ки моҳи сентябри соли 2018 гурӯҳи коршиносон аз Фаронса ба Тоҷикистон меоянд ва бо ҳамроҳии гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон корҳои амалиро барои омода намудани нигораҳо шурӯъ хоҳан кард.

Намоишгоҳ дар аввали соли 2019 тӯли се моҳ дар шаҳри Париж баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0