ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ёвари раисҷумҳур дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи дӯстии тоҷикону узбакҳо мақолаи илмие навиштааст, ки онро дар шакли китоб мунташир кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ медиҳад.
Очерки таҳқиқӣ аз ҳашт қисм иборат буда, аз дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидовнақл мекунад.
Муаллиф дар очерк ба масъалаҳои равобити фарҳангии ду халқ, вобаста ба аҳамияти баргузории рўзҳои фарҳангии якдигар, нақши тоҷикону ўзбакон дар рушди санъати миллии ҳамдигар, тарбияи кадрҳои соҳаи санъат ва масоили дигар мулоҳиза рондааст.
"Лозим ба ёдоварист, ки очерк тамоми ҷанбаҳои дўстӣ ва равобити адабию фарҳангии ду халқи ҳамсояро аз қарни XV то замони имрўза фаро гирифта, бо забони фасеҳу оммафаҳми ба аҳли васеи хонандагон дастрас таълиф гардидааст", — менависад манбаъ.