ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар пайи чаппашавии худрави тамғаи "Чанху" ё ба истилоҳ "Тангем" ронанда ба ҳалокат расид, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУД ҶТ.
Бино бар иттилои манбаъ, 3-юми июл, тахминан соати 18:40, ронандаи автомашинаи тамғаи "Чанху" аз даи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст.
"Талошов Аҳмадхон Маҳмудович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба садама дучор шуд", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Дар натиҷа, худи ронанда Талошов А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.