Далели нишасти изтирории парвози Москва-Хуҷанд муайян шуд

Обуна шудан
Ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737, ки аз фурудгоҳи Домодедово соати 01:03 (бо вақти Маскав) ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз дошт, пас аз чанд соати чарх гаштан дар болои вилояти назди Маскав ба фурудгоҳи Домодедово нишасти изтирорӣ кард

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҳавопаймои Boeing 737  ширкати "Тоҷик Эйр", ки тибқи хатсайри 646 аз Маскав ба Хуҷанд парвоз мекард, маҷбур шуд бо далели вайроншавии ҳавоногузарӣ (разгерметизасия — идора) дар ҳавопаймо ба фурудгоҳи Домодедово нишасти изтирорӣ кунад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ҳавопаймои ширкати тоҷикӣ, ки аз Маскав ба Хуҷанд парвоз дошт,  паз аз чанд дақиқаи парвоз натавонист фишори дохили ҳавопайморо контрол кунад. Хидмаи парвоз қарор қабул кард, ки ба фурудгоҳ бар гардад. Ҳавопаймо пас аз сарф кардани миқдори муайяни сӯхт бомуваффақият ба фурудгоҳи Домодедово нишаст", — тавзеҳ додааст намояндаи ширкат ба РИА Новости.

Бо ин далел тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0