Нахустин парвози "Сомон Эйр" ба Анталия

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirБоинг 737 авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамаи парвозҳо ба самти Анталия, ки 5 соат давом дорад, тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 900 сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ширкати "Сомон Эйр" аввалин парвозашро дар хатсайри Душанбе-Анталия анҷом дод, хабар медиҳад равобити умуми ширкат.

Аввалин парвоз бо 180 мусофир дар хатсайри Душанбе-Анталия 5 соат давом ёфт. Ҳамаи парвозҳо тавасути ҳавопаймои Боинг 737-800 ва —900 сурат мегиранд.

Фармоишдиҳандаи хатсайри мазкур ширкати сайёҳии "КОМПАС" мебошад. Дар бозори ҷаҳонгардӣ намояндаи ин ширкат, ширкати сайёҳии  "Transavia Express" мебошад. Парвозҳо дар ин хатсайр дар даҳ рӯз як маротиба сурат мегирад.

Инчунин аз аввали сол ширкати "Сомон Эйр" парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Истамбул афзоиш додааст. Дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар ин хатсайр се маротиба дар як ҳафта, яъне душанбе, ҷумъа ва якшанбе сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0