Чигуна тоҷикон пирӯзии Русияро таҷлил доранд?

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкБолельщики перед матчем ЧМ-2018 по футболу между сборными Испании и России
Болельщики перед матчем ЧМ-2018 по футболу между сборными Испании и России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маскав мусобиқоти тими футболи Русия ва Испания баргузор гардид, ки дар натиҷа Русия пирӯз шуд ва ба давраи чорякниҳоӣ роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Имрӯз, 1 июл дар Маскав мусобиқоти ҳаштфиналии ҷоми футболи ҷаҳонро тими мунтахаби Русия ва Испания боз кард. Бозӣ хело тезу тунд ва ҷолиб баргузор шуд. Дар натиҷа Русия пирӯз шуд.

Пас аз мусобиқотро тарк кардани тими Аргентина ва Португалия, мухлисони футбол натиҷаҳои бозиро "эҳтиёткорона" пешбинӣ мекарданд. Тоҷикистониён низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозиро мухлисӣ мекарданд.

Пас аз пирӯзии тими Русия тоҷикистониён, ки бештарашон тими Русияро ҳаводорӣ мекарданд, якдигарро шодбош мегӯянд.

Sputnik Тоҷикистон шодбошгӯиҳои ҷолиби корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон гирд овард. 

Табъи хуши тоҷикона бозии футболро низ хушк намонд.

"Муҳаббати нави ман", — менависад шӯхиомез  як корбари Фейсбук акси дарвозабони Русия Игор Акинфеевро мунташир карда.

Дар ҳамин ҳол тоҷиконе, ки тавонистанд дар "Лужники" бозиро "зинда" тамошо кунанд, ифтихори тоҷиконаи худро фаромӯш накарданд. Онҳо ба бозӣ бо парчами Тоҷикистон ва тоқии тоҷикӣ ҳозир шуда буданд.
Тоҷикони Русия аз таҳти дил пирӯзро таҷлил мекунанд.

Лаҳзае, ки мухлисони тими Русия тамоми майдони "Лужники"-ро ба ларза меоварданд, тоҷикон дар Фейсбук хурсандии худро изҳор медошанд.
Ҳамин тавр Русия бори аввал дар торихи ҷоми ҷаҳон ба давраи чорякфиналӣ роҳ ёфт.
Лентаи хабарҳо
0