ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ҳаракат ва хизматрасонӣ дар хатсайрҳои нақлиётии мусофирбари шаҳри Душанбе танзим мешавад, эълом кардааст шаҳрдорӣ.
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки бо мақсади кам кардани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ҳаракати нақлиёти мусофирбар танзим карда мешавад", — менависад банбаъ.
Ҳамин тавр, шурӯъ аз 2 июли соли 2018 миқдори автобусҳои нави замонавии тамғаи "AKIA" дар хатсайри рақами №43 зиёд карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобусии №11, тариқи хиёбону кӯчаҳои А.Ҷомӣ, Соҳилӣ, академик Раҷабовҳо ва самти бозгашт кӯчаҳои С. Шерозӣ, Соҳилӣ, А.Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад.
Шаҳрдории Душанбе пештар низ эълом кард, ки дар хиёбони Рӯдакӣ то мӯҳлати номуайян ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад. Гуфта мешавад, дар роҳи хиёбони Рӯдакӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида мешавад.
"Шаҳрдории Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмиру азнавсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ, ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саид Носир (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) аз соати 21:00 санаи 27 июни соли 2018 қатъ карда мешавад", — гуфта мешуд дар иттилои манбаъ.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат (хиёбони Рудакӣ бо баромад бо кӯчаҳои Л.Шералӣ,М.Турсунзода,Карамов ва У.Хайём бо хиёбони Рӯдакӣ боқимонда бетағйир) ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ мегардад.