Тоҷикон мардуми шӯхтабиатанд. Ҳатто бархе аз ҳолатҳоеро, ки касро дилтанг мекунад, мардуми Тоҷикистон ба шӯхӣ табдил медиҳанд ва дар мавзӯъҳои тезу тунд низ ҳазл мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон 10 шӯхии дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгаштаи тоҷикистониёнро ҷамъ овард, ки танҳо барои тоҷикон мафҳуми он фаҳмост.
Албатта, ин "акс"-ҳоро бояд ҷиддӣ қабул накард, аммо зиндагӣ бе шӯхӣ намешавад, гуфтаанд.
Мона Лиза дар Тоҷикистон
Агар Леонардо Да Винчи "Ҷаконда"-ро дар Тоҷикистон менавишт, номи қаҳрамонашро Гулбибӣ мемонд.
Тоқӣ ба "Холаи Гулбибӣ" зебидааст, ҳамин тавр не?
"Бозии тоҷу тахт"- и тоҷикӣ
Агар "Бозии тоҷу тахт"-ро дар Тоҷикистон омода мекарданд, хело "бомазза" мешуд.
Дар сари як поёла чой
Рақс ҳам ҷойи худашро дораду нӯшидани чойро бояд ба таъхир наандохт.
Ба ин гуфтаҳо мо ҳам розием.
Мӯъҷизаи тоҷикӣ
Тоҷикон асрори Стив Ҷобсро ошкор карданд
Сирри муваффақияти технологияи ширкати "Apple" танҳо дар айрони тоҷикӣ будааст.
Шӯхиҳо дар мавриди "Айфон" дар Тоҷикистон ҳам фаровон аст.
Дӯстии халқҳо
Ҳангоми ҳазлу шӯхӣ сиёсат ҳам аз дасти тоҷикон намемонад.
Владимир Владимирович, хуш омадед.
Дар бораи музд
Тоҷикон мардуми ҳозирҷавобанд.
Дар ҳама ҷо роҳи худро пайдо мекунанд. Асосаш ҳамаро дуруст ҳисобу китоб кард.
Тоҷикони "зӯр"
Зуд ба онҳо шиносномаи тоҷикӣ диҳед.
Ҳатман!
Дар фолклори тоҷик, латифаҳои фаровонеро дар бораи Афандӣ ва хараш во хӯрдан мумкин аст. Аммо имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ ин латифаҳоро дар шакли "замонавӣ" пешниҳод мекунанд.