Ҷавонони "Авангард" аз мавзеъҳои таърихии Хуҷанду Конибодом дидан карданд

© Дафтари матбуотии ВУД ҶТҶавонони "Авангард" бо Суғд рафтанд
Ҷавонони Авангард бо Суғд рафтанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонон бо роҳбарии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодоми вилояти Суғд сафар намуданд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ҷавонони гурӯҳи "Авангард" аз мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд — шаҳрҳои Конибодому Исфара дидан карданд, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

Бинобар иттилои манбаъ, дар рӯзҳои ҷашнгирии Иди Вахдати миллӣ ҷавонон бо ташаббуси роҳбарияти ВУД бо роҳбарии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВУД Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодоми вилояти Суғд сафар намуданд.

"Ҷавонони гурӯҳи "Авангард" ва намояндагони ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва Конибодом аз мавзеҳои таърихии ин шаҳрҳо ва бо ҷавонони минтақаҳои мазкур ва аҳли ҷамотчигӣ вохуриву суҳбатҳои мақсаднок баргузор намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Роҳбарияти шаҳрҳои мазкур иқдоми роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангӣ ташаббуси шоиста хонда, баён дошт, ки ҷалби ҷавонон ба чунин чорабиниҳои судманд ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ мусоидат менамояд, афзудааст ВУД.

Мавриди зикр аст, ки шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом дорои табиати нотакрор ва мавзеҳои хуби сайёҳӣ мебошанд ва тамошои мавзеҳои сайёҳию таърихии минтақаи мазкур ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза бахшид. 

Лентаи хабарҳо
0