Боздошти хонандаи синфи 8 дар Ваҳдат ба иттиҳоми дуздӣ

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСотрудник правоохранительных органов производит арест
Сотрудник правоохранительных органов производит арест - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зарари ба шаҳрвандон расонидаи наврас дар умум 7 ҳазору 225 сомониро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Толибилми синфи 8 дар шаҳри Ваҳдат ба иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, ба мақомоти корҳои дохилӣ  марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки санаи 29-уми июн тахминан соати 10:30 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи "Газел" 4000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини кӯчаи Салимзодаи шаҳри Ваҳдат, хонандаи синфи 8-уми МТМУ, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд. 

Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст.

"8-уми июни соли 2018, шахсони номаълум қулфи дари ошхонаи шахсиаш бо номи "Вохурӣ", воқеъ дар кӯчаи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Ваҳдатро шикаста, аз он ҷо 2-адад тафдони барқӣ ва дигар ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3225-сомониро ташкил медиҳад", — омадааст дар аризаи шикояти зан.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи дар боло зиргардида содир намудааст. 

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0