Раҳмон: ҷангҷӯёни ихтиёран баргашта, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шаванд

© Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақомот талаб кард,ки шахсони ихтиёран аз амлиётҳои мусаллаҳона дасткашида,авф карда шаванд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Суғд таъкид кард, ки ҷангҷӯёни ихтиёран баргашта, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шаванд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур гузориш медиҳад.

"Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар ҳудуди вилоят тайи як солу панҷ моҳи охир қариб 8700 ҷиноят, аз ҷумла 500 ҷинояти хусусияти эстремистиву террористӣ ошкор шудааст, ки назар ба солҳои қаблӣ хеле зиёд мебошад", — нигарон шудааст кишвардор.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ 275 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, 715 нафар, ки чунин ҷиноят содир кардаанд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

"То имрӯз аз 715 нафар ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, 687 нафарашон ба Ватан баргардонида шудаанд. Ҳанӯз 81 нафар сокинони вилоят дар хориҷи кишвар қарор доранд", — афзуд вай.

Раҳмон аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва фаъолон дархост кард, ки барои ба Ватан баргардонидани шахсоне, ки дар муассисаҳои таълими ғайриқонунии динӣ таҳсил менамоянд ё дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо иштирок мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.

"Дар ин маврид аз имтиёзҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки ихтиёран аз иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст кашидаанд, васеъ истифода бурда шавад", — таъкид кард раисҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0