ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Телевизиони CNN хабар медиҳад, ки Трамп мехоҳад дар дидор бо Путин масъалаи баровардани қӯшунҳои Амрикоро аз Сурия баррасӣ кунад.
Бино ба иттилои манбаъ, Трамп ҳафтаи гузашта дар Кохи сафед бо шоҳи Урдун Абдуллоҳ II дар бораи ихроҷи нирӯҳояш аз Сурия мулоқот карда буд.
Коршиносон дар мусоҳиба бо хабарнигорони CNN таъкид карданд, ки тибқи барномаи Трамп, Амрико ба Сурия иҷоза медиҳад, ки кишвар минтақаҳои бо Урдун ҳамсарҳади Сурияро баргашта таҳти назорати худ бигирад. Аммо бар инвази ин, Ҳукумати Трамп замонати Русияро мехоҳад, ки Димишқ ба ҷангҷӯён иҷозаи берун шудан аз минтақаро диҳад.
Трамп инчунин умедвор будааст, ки Русия дар ҷанубу ғарбии Сурия як минтақаи орому бидуни ҷанг ташкил медиҳад ва намегузорад, ки нерӯҳои Эрон ба ин минтақа ворид шаванд. Ихроҷи Эрон аз Сурия яке аз қисмҳои асосии барномаи раисҷумҳури Амрико дар "ихроҷи нирӯҳояш" аз Сурия мебошад, — таъкид кардааст манбаъ.
Мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хелсинки баргузор мешавад. Қарор аст, раисҷумҳурон масъалаҳои дурнамои рушди ҳамкориҳои Амрико ва Русия, инчунин масъалаҳои байналмилалиро баррасӣ намоянд.