ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон нахустин бор байни бонувон мусобиқаи футбол ташкил мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.
Манбаъ афзудааст, ки ахиран дар бинои ФФТ маросими қуръакашии қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои бонувон баргузор шуд.
"Дар аввалин Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 4 июл оғоз мегардад, 6 даста иштирок мекунанд. Дар ин сабқат дастаҳои "Зебонисо" (Душанбе), "Хатлон" (Бохтар), "Равшан" (Кӯлоб), "Суғд" (Хуҷанд), "Барқ Норак" (Норак) ва "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) сабқат хоҳанд кард", —омадааст дар иттилоъ.
Инчунин ФФТ афзудааст, ки мусобиқаи мазкур дар ду марҳила баргузор мешавад.
ФФТ шаш дастаи бонувонро бо сару либос ва пояфзолҳои варзишӣ таъмин кардааст. Инчунин, ФФТ хароҷоти сафари дастаҳо ва ҳаққи хизмати доваронро пардохт мекунад.
Қаҳрамонии мамлакат як марҳилаи омодагии тими мунтахаби занонаи кишвар ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Қарор аст, тими мунтахаби футболи занони Тоҷикистон моҳи август дар Бозиҳои Осиё дар дар пойтахти Индонезия шаҳри Ҷакарта, ширкат кунанд.