Моҳи сентябри соли гузашта шоҳи Арабистони Саудӣ фармонеро ба тавсиб расонд, ки мувофиқи он бори аввал дар кишвар ба занон иҷозаи ронандагӣ дода мешуд.
Арабистони Саудӣ пештар ягона кишваре буд, ки дар он занон ба мошинронӣ ҳақ надоштанд. Фармони шоҳ аз 24 июн ҳукми қонунӣ гирифт. Ёдрас мешавем, моҳи май дар Арабистон аввалин намоишгоҳи худравҳо барои занон баргузор шуд.
Намоишгоҳ зери унвони Pinkish (Гулобӣ) ҳамагӣ се рӯз идома кард. Ба ғайр аз тамошои худравҳо, занон тавонистанд, ки бо намояндагони ширкатҳои мошинфурӯшӣ сӯҳбатҳо карда, дар бораи шартҳои хоридории худрав маълумот пайдо кунанд.
Чанд моҳ пеш дар кишвар бори аввал дар 40 сол кинотеатрҳо кушода шуданд. Интизор меравад, ки ба наздикӣ дар Арабистон театр ҳам пайдо мешавад.
Мавқеи занон дар ҷомеаи кишвар тағйир меёбад. Ба онҳо бори аввал иҷозаи ба чорабиниҳои варзишӣ рафтан ва дар артиш хизмат карданро доданд.
Ҳамчунин ҷомеаи Арабистони Саудӣ ҳоло масъалаи бозии занон дар футболи ҳирфаӣ ва пӯшидани либоси миллии арабҳо — абайро баррасӣ мекунад.
Ҳамин тавр, вакили маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ Иқбол Дриндери аз чор бошгоҳи машҳури футболи Арабистони Саудӣ талаб кардааст, ки барои занон низ чинин тимҳои миллӣ ташкил карда шуда, дар он аз ҳисоби занон, футболбозони тавоно тарбия карда шаванд.








