Ду кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан бар гардонида мешаванд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкВ районе города Киркук в Ираке, архивное фото
В районе города Киркук в Ираке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ахиран ниҳод бо мақомоти дахлдори Ироқ дар бораи бар гардонидани ду кӯдаки тоҷик ба Ватан ба тавофуқ расидаанд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ду кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон бар гардонида хоҳанд шуд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

"Ахиран Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти Ироқ дар барои бар гардонидани кӯдакҳои тоҷик ба Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд", — таъкид кардааст вазорат.

Тавре дафтари матбуотии ниҳод менависад,  "дар партави иҷрои супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик кӯдакони тоҷик ба Ватан баргардонида хоҳанд шуд".

Таджикская девочка Марьям, найденная в Ираке - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳиши Шоев аз мақомоти Тоҷикистон: баъд аз сари ман Марямро соҳибӣ кунед

Додгоҳи Ироқ дар ин бора қарор баровардааст ва дар рӯзҳои наздик ин ду кӯдак ба Ватан баргардонида мешаванд.

Вазорат бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар моҳи апрели имсол, мақомот чаҳор кӯдаки тоҷикро аз паноҳгоҳе дар маркази Ироқ ба ватан оварда буданд, ки яке аз онҳо Марям Шоеваи ёздаҳсола аст.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки даҳҳо кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқу Сурия ятим мондаанд ва барои баргардонидани онҳо талош доранд.

Дар маҷмӯъ, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд.

Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.

Пештар волидони ҷавонони тоҷик ба ҷанг рафта, аз мақомоти тоҷик хоҳиш карданд, ки фарзандонашонро аз маконҳои ҷангзада бозгардонанд.

Лентаи хабарҳо
0