ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сокинони пойтахти Тоҷикистон ба Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз табаҳкории 10 ронана дар роҳҳои шаҳри Душанбе хабар додаанд.
Тавре Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, сокинон аз ҷойи ҳодиса акс гирифта, ба БДА ирсол кардаанд.
"Нозирони роҳ аз рӯи далелҳои қоидавайронкунӣ, ки дар аксҳои ирсолкардаи шаҳрвандон омадааст, нисбати ронандагони табаҳкор чораандешӣ намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Раёсат меафзояд, дар натиҷа 10 нафар ронандагон, ки ба риояи талаботи қонунгузорӣ хунукназарӣ менамуданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Илова бар ин ронанадагони қонуншикан барои ба таври такрорӣ содир накардани чунин кирдорашон баёнот додаанд. Акс ва ному насабҳои ронандагон дар вебгоҳи Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе мунташир шудааст.
БДА аз сокинон барои ин ҳамкорӣ сипосгузор аст.